Ссылки доступа

Боздошти писари вакили порлумони Қирғизистон бо гумони фасодкорӣ


Сарнозири гуруҳи қайди расмии гумрукии Маркази равандҳои гумрукӣ дар вилояти Ӯши Қирғизистон Азатбек Нурдинов дастгир шудааст.

Дар хадамоти матбуотии додгоҳи ноҳияи Якумайи шаҳри Бишкек бо тасдиқи ин хабар гуфтанд, Нурдинов ва чанд корманди дигари гумруки Қирғизистон ба фасодкорӣ айбдор мешаванд. Нурдинов бо қарори додгоҳ то 22 майи имсол ба ҳабси пешакӣ гирифта шуда, феълан дар боздоштгоҳ аст.

Расонаҳои маҳаллӣ ва манбаъҳои муътамад гуфтанд, Нурдинов писари вакили порлумони Қирғизистон Нодира Норматова. Норматова ҳам дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук корбар "Azatbek Nurdinov"-ро писари худ номидааст.

Нодира Норматова то ҳол боздошти писарашро шарҳ надодааст ва Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон ҳам аз шарҳи хабар худдорӣ мекунад.

Нодира Норматова бар асоси рӯйхати ҷумҳуриявии Ҳизби "Ата-Журт Кыргызстан" вакили порлумони он кишвар интихоб шудааст.

XS
SM
MD
LG