Ссылки доступа

Эрдуғон гуфт, "нерӯҳои Туркия раҳбари ДОИШ-ро дар Сурия куштанд"


Раҷаб Таййиб Эрдуғон, раиси ҷумҳури Туркия, шоми 30-юми апрел эълон кард, ки нерӯҳои кашф ё истихбороти ин кишвар Абулҳусейн Ал-Қаршӣ (ё Ал-Қурайшӣ), раҳбари гурӯҳи "Давлати исломӣ"-ро куштанд.

Президенти Туркия дар мусоҳиба бо шабакаи TRT Turk гуфт, "ин фард рӯзи гузашта дар ҷараёни амалиёти Созмони истихбороти миллии Туркия дар Сурия кушта шуд".

Вай афзуд, нерӯҳои амниятии Туркия муддатҳо боз Абулҳусейн Қарширо пайгирӣ мекарданд. Манбаъҳои амниятӣ ва маҳаллӣ дар Сурия мегӯянд, ин амалиёт дар шаҳраки Ҷандариш, воқеъ дар шимоли Сурия, ки зери назорати гурӯҳҳои шӯришгари мавриди пуштибонии Туркия аст, рух дод.

Хабаргузории "Рейтерз" ба нақл аз сокинони ин шаҳрак гузориш дод, ки даргириҳо шоми шанбе оғоз шуд ва ба муддати як соат идома кард ва дар ниҳоят бо садои як таркиш ба поён расид. Нерӯҳои амниятӣ сипас ин минтақаро муҳосира карданд, то монеи наздик шудани мардум ба онҷо бишаванд.

ДОИШ дар моҳи ноябри соли 2022 пас аз кушта шудани раҳбари қаблии ин гурӯҳ дар ҷануби Сурия, Ал-Қарширо ба унвони раҳбари худ интихоб кард.

Гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" дар соли 2014 минтақаҳои калонеро дар Ироқ ва Сурия тасарруф кард ва раҳбари пешина Абубакр Ал-Бағдодӣ худро "халифа" номиду "ҳукумати исломӣ" эълон кард.

Дар пайи ҳамлаҳои нерӯҳои таҳти ҳимояти Амрико дар Ироқу Сурия ва ҳамчунин нерӯҳои зери ҳимояти Эрон ва Русия дар Сурия, ДОИШ назорати худро бар ин минтақаҳо аз даст дод.

Бо ин ҳол, гуфта мешавад, ки ҳанӯз ҳазорон нафар аз боқимондаҳои ин гурӯҳ дар минтақаҳои дурафтодаи Сурия ва Ироқ пинҳон шудаанд ва ҳамчунон қодир ба анҷоми ҳамлаҳои ногаҳонӣ ҳастанд.

Нерӯҳои эътилоф зери раҳбарии Амрико ҳамроҳ бо нерӯҳои курд ба муборизаи худ алайҳи ДОИШ дар Сурия идома медиҳанд.

XS
SM
MD
LG