Раиси комиссия Зайниддин Низомхоҷаев 1 май дар як нишасти хабарӣ дар Тошканд афзуд, ки танҳо 9,35 дарсади раъйдиҳандагон зидди ислоҳи Конститутсия баромадаанд.
Низомхоҷаев гуфт, раъйпурсии Узбекистон барои қабули конститутсияи нав тибқи меъёрҳои байналмилалӣ ва қонунгузории кишвар баргузор шуд.
Дар тарҳи нави Конститутсия муҳлати президентӣ аз 5 ба 7 сол дароз шудааст. Дар сурати мусбат будани натиҷаҳои раъйпурсӣ президенти ҳозираи Узбекистон Шавкат Мирзиёев метавонад, то соли 2040 дар қудрат бимонад.
Тағйирот ба Мирзиёев имкон медиҳад, ки ду давраи дигар президент интихоб шавад ва салоҳиятҳои президентро бештар созад.
Дар тарҳи нав омадааст, ки давлат вазифадор аст, шаҳрвандонро бо маоши ҳадди ақал, хона ва ёрии тиббӣ, инчунин дастрасӣ ба интернет таъмин созад. Бино ба тағйирот, ҳукми қатл дар Узбекистон манъ шудааст.
Комиссияи марказии интихоботии Узбекистон қаблан хабар дода буд, ки дар раъйпурсии рӯзи якшанбе 80 дарсади сокинони қобили раъй иштирок карданд.