Хадамоти матбуотии Додситонии кулли Қирғизистон иттилоъ додааст, ки 80 дарсади хисорот пардохт карда шудааст.
Додситони кулли Қирғизистон Курманқул Зулушев моҳи апрел хабар дода буд, ки хисорот дар доираи парвандаи кони тилои "Қумтор" 1 миллиарду 146 миллиону 449 ҳазору 161 сомро ташкил медиҳад ва 830 миллион соми он пардохт шудааст.
Манбаъ дақиқ нагуфтааст, ки чи қадари ин маблағро худи Болтурук пардохтааст.
Болтурук моҳи сентябри соли 2022 ба ҳабс гирифта шуда буд. Додгоҳ муҳлати ҳабси ӯро чанд маротиба тамдид кард. Болтурук мудири пешини ширкати "Кумтор Голд Компани" аст, ки он кони тилои "Қумтор"-ро пештар дар ихтиёр дошт.
Тенгиз Болтурук ва Риспек Токтогулов, мудири молияи "Кумтор Голд Компани" 23 августи соли 2022 аз мақомҳояшон барканор шуда буданд. Ба иттилои Девони вазирони Қирғизистон, Палатаи ҳисоби он кишвар дар пайи як санҷиш дар ширкат қонуншиканиҳои молиро ошкор кардааст.
Пештар Додситонии кулли Қирғизистон хабар дода буд, ки масъулони ширкат дар асоси як нақшаи фасодолуд ба давлат ба маблағи тақрибан 1 миллиард сом зарар расондаанд.