Ссылки доступа

Алишер Усмоновро дар пулшӯӣ дар Олмон айбдор карданд


Хадамоти матбуотии сарватманди узбектабори Русия Алишер Усмонов гуфт, кофтукоби бошгоҳи футболи "Бавария", ки ба Усмонов тааллуқ дорад ва гумонбар кардани вай дар саркашӣ аз пардохти андоз ва пулшӯӣ таъқиби сиёсист.

Ба навиштаи маҷаллаи Bild, Усмонов бо мудири футболи олмонӣ, президенти пешини "Бавария" Ули Хенесс робита дорад. Bild менависад, онҳо то моҳи марти соли 2022 ба шаҳраки истироҳатии Тегернз зуд-зуд мерафтанд ва ҳамдигарро медиданд.

Додситонии Франкфурти лаби Майн гуфт, "ин ниҳод нисбати "Бавария" ва ё масъулони бошгоҳ таҳқиқи молӣ анҷом намедиҳад". Ҳарфҳои додситониро дар "Бавария" тасдиқ карданд.

Намояндагони сарватманд дар шарҳи хабари Bild гуфтанд, барои таҳқиқ асоси воқеие вуҷуд надорад. "Тавре мо пештар гуфтем, ин гуна гумонҳо беасос ҳастанд, ҳар гуна тахмин дар бораи "пулшӯӣ", "пайдоиши шубҳаноки он" ваё саркашӣ аз пардохти андоз - дурӯғ ва бадномкунандаи Усмонов ҳастанд", - гуфтанд намояндагони Алишер Усмонов.

Шӯрои Иттиҳоди Аврупо 28 феврали соли 2022 Усмоновро ҳамроҳ бо сарватмандори дигари русиягӣ, мансабдорон ва фаъолони фарҳанг шомили рӯйхати сиёҳи афроде кард, ки барои барҳам задани мустақилӣ ва ягонагии марзи Украина мусоидат кардаанд. Вуруди ҳамаи онҳо ба Иттиҳоди Аврупо манъ ва дороиҳояшон ҳабс шудааст.

XS
SM
MD
LG