Ссылки доступа

Фурудгоҳҳои Ӯшу Ҷалолободи Қирғизистонро мекӯчонанд


Фурудгоҳҳои шаҳрҳои Ӯшу Ҷалолободи Қирғизистонро ба минтақаҳои дигари шаҳрҳо мекӯчонанд. Дар ин бора дар дастгоҳи президенти Қирғизистон хабар доданд.

Ба иттилои мақомоти Қирғизистон, фурудгоҳҳо дар минтақаҳои нав мутобиқи меъёрҳои байналхалқӣ ва талаботи амниятӣ сохта мешаванд.

Содир Ҷабборов, президенти Қирғизистон гуфтааст, дар ҷойи фурудгоҳҳои куҳна шаҳракҳои муосири истиқоматӣ бунёд хоҳад шуд.

Майдони умумии фурудгоҳи Ӯш 168 га заминро ташкил медиҳад, фурудгоҳи Ҷалолобод 78,2 га-ро.

Расонаҳои Қирғизистон навиштанд, ки сармоягузорони туркӣ ҳавасманди сохтани фурудгоҳҳои нав ҳастанд.

XS
SM
MD
LG