Ссылки доступа

Чаҳор коргар дар оташсӯзии як полоишгоҳи газ дар Қазоқистон ҷароҳат бардоштанд


Дар вилояти Оқтеппаи Қазоқистон дар натиҷаи оташсӯзӣ дар ҳудуди корхонаи полоиши гази чоҳи Жанажол ҳадди ақал чаҳор коргар ҷароҳат бардоштааст.

Ба иттилои мақомоти маҳаллӣ, оташсӯзӣ рӯзи 1 май рух додааст.

Оташ бо гузашти чаҳоруним соат хомӯш карда шудааст.

"Соати 15:55 дақиқа дар бораи оташ гирифтани полоишгоҳ хабар расид. Чаҳор коргаре, ки ҷароҳат бардошта буданд, ба беморхона интиқол ёфтанд. Вазъи онҳо вазнини миёна баҳо дода мешавад", - омадааст дар хабари мақомоти маҳаллии Оқтеппа.

Сабабҳои оташсӯзӣ муайян карда мешавад.

XS
SM
MD
LG