Ссылки доступа

СММ ба Узбекистон дар мубориза бо обҳои ифлос кӯмак мерасонад


Узбекистон тавсияҳои Маъмурияти комисияи аврупоии СММ-ро дар умури таъмини бехатарии полигонҳои партовҳои радиоактивӣ омӯхта ва дар ин робита гуруҳи махсуси корӣ ташкил додааст. Дар ин бора сомонаи СММ хабар медиҳад.

Ба иттилои СММ, дар Узбекистон 14 макони ҳифзи партовҳои радиоактивӣ ва дигар партовҳои зараррасон мавҷуд аст, ки 10-тои он метавонанд хосияти фаромарзӣ дошта бошанд. Ба илова, Узбекистон дар поёноб ҷойгир аст, ки ифлосшавии эҳтимолии обҳо дар кишварҳои болооб метавонад ба Узбекистон зиён расонад. Аз ин рӯ тақвияти ҳамкории байни ниҳодҳо ва байни давлатҳо барои пешгирӣ аз ифлосшавии обҳо ва ҳам рафъи оқибати он муҳим аст.

Маъмурияти иқтисодии аврупоии СММ бо кӯмаки молии Швейтсария амал мекунад.

Ба гузориши СММ, дар Узбекистон миқдори зиёди тило ва уран истихроҷ мешавад. Интизор меравад, ки истихроҷи тилову уран дар оянда афзоиш хоҳад ёфт ва партови радиоактивҳо ва дигар партовҳои зараррасон низ бештар хоҳад шуд. Дар ниҳоят ин боиси ифлосшавии обҳо мегардад.

XS
SM
MD
LG