Ссылки доступа

Шаш зани қазоқистонӣ дар зиндони Ироқ гуруснашинӣ эълом кардаанд


Вазорати корҳои хориҷии Қазоқистон гуфт, шаш зани қазоқистонӣ дар Ироқ бо айби терроризм ба ҳабси якумрӣ маҳкум шудаанд.

Пештар расонаҳои хабар доданд, ки ин шаш зан ҳамроҳ бо занҳои дигари зиндонӣ гуруснашинӣ эълом ва талаби интиқол ба кишварҳои худро кардаанд.

"Рӯзи 24 апрел сафорати Қазоқистон дар Урдун хабар ёфт, ки бо нишони эътироз аз ҳукми мақомоти додгоҳии Ироқ занони хориҷӣ, аз ҷумла шаҳрвандони Қазоқистон гуруснашинӣ эълом кардаанд. Зиндониҳо талаб доранд, ки ҳар чи зудтар онҳоро ба кишварҳояшон истирдод кунанд", - гуфт намояндаи расмии вазорати корҳои хориҷии Қазоқистон Айбек Смадияров рӯзи 2 май.

Намояндаи вазорат афзуд, занони зиндонӣ аз ҳукми ноодилона, айби беасос дар терроризм ва шароити бади зиндон шикоят доранд.

Сафорати Қазоқистон дар Урдун рӯзи 26 апрел бо мақомоти зиндон ва додситонии Ироқ, инчунин намояндагии ЮНИСЕФ дар Ироқ гуфтугӯ карда, риояи ҳуқуқи шаҳрвандони Қазоқистонро дар миён гузоштааст.

Дар вазорати корҳои хориҷии Қазоқистон гуфтанд, интизоранд, ки мақомоти Ироқ занони зиндониро афв хоҳанд кард.

Дар як навор, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд, занони зиндонӣ мегӯянд, то рӯзи 2 май 9 рӯз аз гуруснашиниашон мегузарад. Дар ин муддат вазъи сиҳатиашон бад шудааст, гуфтанд занони зиндонӣ.

Пештар расонаҳо навиштанд, ки дар зиндони "Русафа"-и Ироқ бештар аз 50 зан аз Русия, Озарбойҷон, Туркия, Белорус, Тоҷикистон, Узбекистон ва Украина гуруснашинӣ эълом кардаанд.

XS
SM
MD
LG