Ссылки доступа

Талаби як зани афғонистонӣ аз Эмомалӣ Раҳмон


Як шаҳрванди Афғонистон дар номае аз президенти Тоҷикистон хостааст, ки шавҳари зиндонияшро барои идомаи адои ҷазо ба ҳукумати Толибон бидиҳанд.

Азизулло Муродӣ, сокини 41-солаи ноҳияи Қалъаи Золи вилояти Кундузи Афғонистонро тобистони соли гузашта, дар ноҳияи Шаҳритуси Тоҷикистон дастгир карданд.

Ӯ ба гуноҳи ҳамкорӣ бо шабакаи кочоқбарони тоҷику афғон ба 17 сол зиндон маҳкум шуда, дар зиндони шаҳри Хуҷанд аст.

Саҳрогули Абдукарим, ҳамсари Азизулло, дар номае, ки нусхаи он 2-юми май дастраси Радиои Озодӣ шуд, аз Эмомалӣ Раҳмон хостааст, ба интиқоли шавҳараш ба зиндонҳои Афғонистон мусоидат кунад.

Дар нома омадааст, ки Азизулло даҳ фарзанд дорад ва бинобар баста будани сарҳад онҳо имкони дидани ӯро дар зиндони Хуҷанд надоранд.

Ӯ навиштааст, агар ӯро ба зиндони Афғонистон фиристанд, наздиконаш дигар имкони диданашро нахоҳанд дошт.

Мақомоти Тоҷикистон ҳанӯз ба ин нома посух надодаанд. Назари Толибон низ маълум нест, ки то куҷо омодаи қабули зиндониён аз Тоҷикистон ҳастанд.

Тоҷикистон бо ҳукумати пешини Афғонистон дар бораи табодули зиндониён созишнома дошт. Мақомоти Тоҷикистон соли 2019-ум 48 зиндонии афғонро барои идомаи адои ҳукм ба Афғонистон фиристоданд. Кобул дар иваз чанд шаҳрванди Тоҷикистонро ба Душанбе интиқол дод.

Бар асоси омори дарёфтӣ, дар зиндонҳои Тоҷикистон бештар аз 100 шаҳрванди Афғонистон нигоҳ дошта мешаванд.

XS
SM
MD
LG