Ссылки доступа

Саратони хун Саодатро дар Маскав ноумед накард (гулчин)


Ба расонаҳои минтақа ҳақ дода мешавад, ки аз ин матлабҳо ба сурати комил ва ё ҷузъӣ истифода кунанд. Бо дархости муштариён метавонем ба онҳо шакли аслии наворҳои видеоиро фиристем. Онҳо, инчунин, метавонанд матлаби дилхоҳи худро аз махзани Директ истифода кунанд.

- Саратони хун Саодатро дар Маскав ноумед накард.​ Як духтари тоҷик, ки бо бемории саратон мубориза мебарад, утоқашро дар беморхонаи Маскав ба дӯкони ҳунармандӣ табдил додааст. Саодат гирифтори саратони хун аст. Ӯ дар беморхона дастбанду гарданбанд месозаду гулдаста мебофад. Ҳам барои хушҳолии худ ва ҳам барои ба даст овардани пул барои муолиҷа. (видео)

- Дар Тоҷикистон саъй доранд, сайёҳ бештар биёяд. Чӣ гуна? Ҳукумати Тоҷикистон тасмим дорад, барои беҳбуди шароити сайёҳӣ 178 млн сомонӣ ё 16 млн доллар ҷудо кунад. Ин маблағ то соли 2030 бояд барои бунёди ошхонаҳои сариророҳӣ, ҳоҷатхонаҳо ва дигар иншооти барои меҳмонон муҳим сарф шавад (видео)

- Доналд Лу: Кишварҳои Осиёи Марказӣ гапи Путинро нагирифтанд (видео)

- Гулсина - зани танҳо ва ғамхори 18 саг. Гулсина Муҳитова 70-сола аст ва дар маркази шаҳри Исфара танҳо зиндагӣ мекунад. Вай солҳост, ки сагҳои бесоҳибу бехона ё ба қавли маъруф “дайду”-ро мегираду нигоҳубин мекунад (видео)

- Толиб Шаҳидӣ: Барои сӯҳбат бо мухлисон ба Тоҷикистон омадам. Рӯзи 29-ми апрел дар Театри операву балети ба номи С. Айнии Душанбе баъди чандин сол консерти осори ҳунарии Толиб Шаҳидӣ баргузор мешавад. Оҳангсози маъруф ба саволҳои Радиои Озодӣ посух дод (видео)

- Дар таркиши мошини газ як нафар ҳалок шудааст. Дар нуқтаи фурӯши сӯзишвории “Соро Ойл” дар Душанбе рӯзи 28-уми апрел таркиш рӯй додааст. Вазорати корҳои дохилӣ хабар дод, ки як нафар ҷон бохт (видео)

- Тамдиди муҳлати президентӣ. Тарҳи ниҳоии Конститутсияи Узбекистон чӣ гуна хоҳад буд (видео)

- Андрей аз Самара ба хотири иштирок накардан дар ҷанг тарки Русия кард ва ҳоло дар кӯчаи Бишкек сурудхонӣ мекунад (видео)

- Ҳомиёни ҳуқуқ аз Бишкек хостанд, ки бахши қирғизии Радиои Озодиро набандад (видео)

КОРМАНДОНИ МУҲТАРАМИ РАСОНАҲО! БО ҲАЗОРОН НАВОРИ САДОВУ ВИДЕО, АЗ ҶУМЛА, ШАКЛИ АСЛИИ САДОВУ ВИДЕОҲО БО ЗАБОНИ ТОҶИКӢ, КИ БАРОИ ЗАХИРА КАРДАНИ КОРШАРИКОН ДАСТРАС ҲАСТАНД, ОШНО ШАВЕД!

XS
SM
MD
LG