Тибқи иттилои хабаргузории УзА, озодии се гумонбари дигар маҳдуд шудааст.
Хадамоти махсуси Узбекистон 23 июни соли гузашта гуфт, дар ноҳияи Риштони Узбекистон нақби пинҳониеро пайдо кардааст, ки ин кишварро бо Қирғизистон мепайвандад. Ин нақб дорои лифт, неруи барқ ва дурбинҳои назоратӣ будааст.
Нақб 1,5 метр паҳноӣ, 2 метр баландӣ ва наздики 130 метр дарозӣ доштааст.
Дар хабари мақомоти Узбекистон гуфта шудааст, ки нақби мазкур барои интиқоли молу маҳсулот аз Қирғизистон ба Узбекистон, бо давр задани гумрук, истифода мешуд. Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.
Пештар мақомоти Узбекистону Қирғизистон аз пайдо шудани се нақби ба ин монанд хабар дода буданд.