Ссылки доступа

Роҳбари тарҳи "Nemolchi.uz" баъди таҳдидҳо Узбекистонро тарк кардааст


Ирина Матвиенко, роҳбари тарҳи "Nemolchi.uz" ва яке аз ҳомиёни ҳуқуқи занон дар Узбекистон дар пайи таҳтидҳо ин кишварро тарк кардааст.

Ирина Матвиенко дар шабакаи иҷтимоии "Instagram" навиштааст, ки баъди таҳдид ба қатл шудан аз сӯи афроди номаълум Узбекистонро тарк кард.

"Баъди таҳдид ба қатл рафторам дигар шуд. Ман кушиш кардам, ки онро ҳамчун як шӯхии аблаҳона қабул кунам, аммо бароям ба даромадгоҳи бинои зист даромадан ва тариқи долон рафтан ба коргоҳ даҳшатнок гардид. Аз лифт истифода намекардам. Тавассути зинапоя мебаромадам ва мефаромадам", - афзудааст ӯ.

Матвиенко гуфта, ки ба пулис шикоят кардааст ва бо муфаттишон дар тамос мебошад. "Бубинем, натиҷа чи мешавад", - навиштааст вай.

Дар шаҳри Тошканди Узбекистон ахиран як омӯзгор ва дӯстони ӯро барои дастдарозӣ ба духтари 14-сола зиндонӣ карданд. Дар ин бора Ирина Матвиенко, роҳбари тарҳи Nemolchi.uz хабар дода буд.

Ҳодиса баҳори соли ҷорӣ дар ноҳияи Мирободи Тошканд рух додааст. Он замон омӯзгор ва дӯстонаш аз духтари 14-сола талаб карда буданд, ки бо онҳо ҳамхоба шавад. Ирина Матвиенко гуфт, омӯзгорро 4 сол ва дӯстони ӯро 2-солӣ аз озодӣ маҳрум карданд. Модари духтар талаб доранд, ки онҳоро бар асоси моддаи "Таҷовузи дастаҷамъӣ" муҳокима кунанд.

XS
SM
MD
LG