Ссылки доступа

Гуруснанишинӣ бо талаби раҳоии Давлатмурод Тоҷимуродов


Фаъоли қарақалпоқистонӣ Куанишбой Каниёзов дар шаҳри Актауи Қазоқистон бо талаби раҳоии Давлатмурод Тоҷимуродов ва маҳкумшудаҳои дигар дар доираи парвандаи ҳодисаҳои Нуқус гуруснанишинӣ эълом кардааст.

Дар наворе, ки имрӯз дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд, дида мешавад, Каниёзов аз ҳамаи созмонҳои байналмилалии ҳомии ҳуқуқ, ҳамчунин Созмони Амнияту Ҳамкорӣ дар Аврупо ва Кумитаи ҳуқуқи инсони СММ дархости кумак мекунад.

"Мақомоти Узбекистон соли 2022 мехостанд Конститутсияро тағйир диҳанд. Сад ҳазор сокини Қарақалпоқистон ба ин мухолифат карданд. Раҳбари тазоҳургарон Давлатмурод Тоҷимуродов ва садҳо нафари дигар буданд. Онҳо ҳоло дар зиндонҳои Узбекистон қарор доранд. Ман мехоҳам, ки онҳо озод шаванд. Онҳо гунаҳкор нестанд. Бинобар ин, аз имрӯз, 3 майи соли 2023 гуруснанишинӣ эълон мекунам”, - гуфтааст Каниёзов дар навор.

Каниёзови 58-сола ҳамроҳи хонаводаи худ аз соли 2015 дар Қазоқистон кору зиндагӣ мекунад ва иҷозати зисти доимӣ дар он кишварро дорад.

Давлатмурод Тоҷимуродов, ки айбдоршавандаи асосии ҳодисаҳои Нуқус номида мешавад, бо айбҳое амсоли "Тавтиа бо ҳадафи ғасби қудрат ё барҳам задани сохти конститутсионии Узбекистон", "Ғорат бо роҳҳои азхудсозӣ ё исрофкорӣ", "Қонунигардонии даромадҳои ғайриқонунӣ", "Ташкили бетартибиҳои оммавӣ, ки боиси хушунат ва зиёни молӣ шудааст" ва ғайра 16 сол зиндонӣ гардидааст.

Эътирозҳо дар Қарақалпоқистони Узбекистон баъди он шуруъ шуданд, ки тарҳи нави Конститутсияи он кишвар нашр гардид. Дар тарҳи нав мақоми Қарақалпоқистон ҳамчун ҷумҳурии мустақил бекор ва он аз ҳаққи хориҷ шудан аз ҳайати Узбекистон маҳрум гардида буд.

Ба иттилои мақомоти Узбекистон, дар ҳодисаҳои шаҳри Нуқуси Қарақалпоқистон рӯзҳои 1 ва 2 июли соли 2022 21 кас кушта, 243 тани дигар маҷруҳ шудаанд. Бештар аз 500 кас боздошт шуда буд.

Баъди он ҳодисаҳо аз тағйир додани мақоми Қарақалпоқистон даст кашиданд.

XS
SM
MD
LG