Ссылки доступа

Зидди раҳбарияти Бунёди дастгирии рушди сайёҳии Қирғизистон парванда боз шудааст


Муовини додситони кулли Қирғизистон Умуткан Конкубоева 4 май дар ҷаласаи порлумон хабар дод, ки Кумитаи амнияти миллии он кишвар дар робита ба фасодкорӣ дар Бунёди дастгирии рушди сайёҳӣ парванда боз кардааст.

Ба гуфтаи ӯ, коргоҳ ва манзили зисти раҳбари бунёд Елена Калашникова тибқи қарори додгоҳи ноҳияи Якуми майи шаҳри Бишкек, 28 апрел бозҷӯӣ шудааст.

Муовини раиси Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон Тимур Шабданбеков афзуд, ки парвандаи ҷиноӣ дар робита ба фасодкорӣ ҳангоми иҷрои тарҳи ташкили истироҳатгоҳҳо барои сайёҳон боз шудааст.

Вазорати молияи Қирғизистон 29 апрел санҷиши фаъолияти бунёдро оғоз кардааст. Худи Калашникова дар ҷаласа гуфт, ки аз боз шудани парванда дар вохӯрӣ бо вакилони порлумон огаҳ шуд ва зидди ӯ ҳеч айбе эълом нашудааст. Вале бозҷӯӣ шудани манзили зисташро тасдиқ кард.

"Сармояи оинномавии фонд дар соли 2022 як миллиард сом буд. Мо ҳоло дар ҳаҷми 762 миллиону 190 ҳазору 372 сом нақдина дорем. 257 миллиону 67 ҳазору 294 сом харҷ шудааст. Маблағҳои боқӣ дар ҳисоби бунёд аст", - афзуд Калашникова.

Бунёди дастгирии рушди сайёҳӣ моҳи марти соли 2022 бо мақсади дастгирии рушди устувори соҳаи сайёҳӣ дар Қирғизистон таъсис дода шуд. Сармояи оинномавии фонд 1 миллиард сомро ташкил медиҳад.

XS
SM
MD
LG