Ссылки доступа

Як зан дар Тошканд дар бозор худро оташ зад


Скриншот из сообщений в соцсетях
Скриншот из сообщений в соцсетях

Зане дар шаҳри Тошканди Узбекистон рӯзи 2 май дар дохили бозор ба сару рӯяш бензин пошида худро оташ зад.

Мақомоти пулиси шаҳри Тошканд гуфтанд, ин ҳодиса дар ноҳияи Олмазори Тошканд рух додааст.

"Шаҳрванд Д.К., соли таваллудаш 1981, бо фурӯшандаҳои дигар барои ҷо ҷанҷол кардааст. Бо нишони эътироз вай ба сару рӯяш бензин пошида, худро оташ задааст. Дар натиҷа 35 дарсади баданаш ҷароҳат бардошта, дар бемористон бистарӣ шудааст", - хабар доданд дар пулиси шаҳри Тошканд.

Додситонии ноҳияи Олмазори Тошканд таҳқиқи ҳодисаро шуруъ кардааст.

XS
SM
MD
LG