Ссылки доступа

Фаъоли қазоқистонӣ барои иҷро накардани ҳукми додгоҳ ҳабс шуд


Додгоҳи шаҳри Алматои Қазоқистон фаъоли маданӣ Алнур Иляшевро барои иҷро накардани қарори додгоҳ 5 шабонарӯз ҳабси маъмурӣ кард.

Тибқи маводи парванда, фаъоли маданӣ барои иштирок дар ҷаласаи "порлумонӣ мардумӣ" ба ҳабс гирифта шудааст.

Иляшев 1 апрели имсол сарфи назар аз он ки медонист, иштироки ӯ дар фаъолиятҳои ҷамъиятӣ маҳдуд карда шудааст, дар ҷаласаи созмони сабтиномнашудаи "порлумони мардумӣ" иштирок кардааст.

Фаъоли маданӣ дар додгоҳ гуноҳи худро эътироф карда, аз додрас дархост кардааст, ки нисбат ба вай ҷазои маъмурӣ тадбиқ карда шавад.

"Порлумони мардумӣ"-ро собиқ номзадҳое ташкил кардаанд, ки ба интихоботи пеш аз муҳлати порлумонии Қазоқистон дар рӯзи 19 март ё роҳ наёфтанд ё шикаст хӯрданд.

XS
SM
MD
LG