Ссылки доступа

Додгоҳи Тошканд парвандаи ҳодисаҳои Нуқусро дубора баррасӣ мекунад


Додгоҳи шаҳри Тошканди Узбекистон баррасии шикояти 16 маҳкумшудаеро оғоз кард, ки дар робита ба ҳодисаҳои шаҳри Нуқуси Қарақалпоқистон аз озодӣ маҳрум карда шудаанд.

Мурофиа 5 май оғоз шуд ва дар он шикояти рӯзноманигор Давлатмурод Тоҷимуродов, ки ҳамчун ташкилкунандаи асосии эътирозҳои тобистони соли 2022 дар шаҳри Нуқуси Қарақалпоқистон 16 сол зиндонӣ шудааст, баррасӣ мешавад.

Ба ҷуз ин, шикояти додситонии Узбекистон ҳам, ки ба ҳукми додгоҳ нисбат ба бархе аз маҳкумшудаҳо, аз ҷумла Лолагул Каллиханова, Азамат Турданов, Ахмет Сметуллаев ва Азамат Нуратдинов эътироз кард, баррасӣ хоҳад шуд. Додгоҳ онҳоро шартан аз озодӣ маҳрум ва аз толори додгоҳ озод карда буд.

Рӯзи 31 январи имсол дар шаҳри Бухоро муҳокимаи парвандаи 22 тан аз иштирокдорони дигари эътирозҳои Нуқус ба поён расид. Рӯзноманигор Давлатмурод Тоҷимуродов 16 сол зиндонӣ шуд. Додгоҳ ҳамчунин 15 тани дигар аз иштирокдорони эътирозҳоро аз 3 то 8,5 сол аз озодӣ маҳрум кард.

Эътирозҳо дар Қарақалпоқистони Узбекистон баъди он шуруъ шуданд, ки тарҳи нави Конститутсияи он кишвар нашр гардид. Дар тарҳи нав мақоми Қарақалпоқистон ҳамчун ҷумҳурии мустақил бекор ва он аз ҳаққи хориҷ шудан аз ҳайати Узбекистон маҳрум гардида буд.

Ба иттилои мақомоти Узбекистон, дар ҳодисаҳои шаҳри Нуқуси Қарақалпоқистон рӯзҳои 1 ва 2 июли соли 2022 21 кас кушта, 243 тани дигар маҷруҳ шудаанд. Бештар аз 500 кас боздошт шуда буд.

Баъди он ҳодисаҳо аз тағйир додани мақоми Қарақалпоқистон даст кашиданд.

XS
SM
MD
LG