Ссылки доступа

Дар Тошканд мудири боғча баъди кӯдакозории писараш аз кор ронда шуд


Мудири боғчаи рақами № 230-и ноҳияи Чилонзори Тошканд баъди гумонбар шудани писараи 15-солааш ба озори чаҳор духтарча аз мақом барканор шуд.

Вазорати таҳсилоти томактабӣ ва мактабии Узбекистон гуфт, мудири боғчаи мазкурро барои нақзи тартиботи дохилӣ, аз ҷумла "роҳ додани шахси бегона ба ҳудуди муассиса, зери хатар гузоштани ҷони кудакон ва хунукназарӣ ҳангоми иҷрои вазифа" аз кор ронданд.

Хабаргузории "Газета.uz" 4 май ҷузъиёти қазияи марбут ба мудири боғчаи Чилонзорро нашр кард. Писари мудир ба ҳуҷраи тарбиятгирандагон, ки дар онҷо кудакон хоб буданд, даромада, духтарчаҳоро озор додааст. Худи мудири боғча мегӯяд, писарашро "туҳмат мекунанд".

Қаблан сухангӯи Додситонии кулли Узбекистон Ҳаёт Шамсуддинов иттилоъ дода буд, ки дар робита ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

XS
SM
MD
LG