Ссылки доступа

Дар Фархор даъво сари роҳ ҳамаро безор кардааст (гулчин)


Ба расонаҳои минтақа ҳақ дода мешавад, ки аз ин матлабҳо ба сурати комил ва ё ҷузъӣ истифода кунанд. Бо дархости муштариён метавонем ба онҳо шакли аслии наворҳои видеоиро фиристем. Онҳо, инчунин, метавонанд матлаби дилхоҳи худро аз махзани Директ истифода кунанд.

- Дар Фархор даъво сари роҳ ҳамаро безор кардааст.​ Як қитъаи роҳ дар ноҳияи Фархор ҷанҷолӣ шудааст, ки баҳси онро на додгоҳ ва на раиси ноҳия натавонистаанд ҳал кунанд. Ин роҳро як сокини деҳа замини худ дониста бастааст, вале аҳолии деҳа алайҳи ӯ шуридаанд. Ба гуфтаи сокинон, ин роҳ рафтуои онҳоро ба мактабу маркази деҳа наздиктар мекунад. (видео)

- ​Абераи Аҳмади Дониш мехоҳад, қадри бобокалонашро бидонанд.​ Пайвандони Аҳмади Дониш, донишманди шинохтаи тоҷик дар Бухоро аз мақомоти Узбекистон хостаанд, ёди ӯро гиромӣ доранд. Онҳо мегӯянд, дар давраи Президентии Ислом Каримов борҳо дар ин маврид муроҷиат намуданд, вале натиҷа надод. Ҳоло интизор доранд, ки президенти кунунӣ арзашонро ҷиддӣ мегирад. (видео)

- ​Ронандаҳои Душанбе аз бензин даст мекашанд? ​Хадамоти гумруки Тоҷикистон гуфтааст, ки теъдоди мошинҳои барқӣ, ки бегазу бензин ҳаракат мекунанд, дар кишвар афзоиш ёфтааст. (видео)

- ​Баҳси дин дар интихоботи Туркия авҷ мегирад. ​Дар интихоботи президентии Туркия бо Раҷаб Тайиб Эрдуғон нафаре рақобат хоҳад кард, ки пайрави мазҳаби алавӣ аст. Алавиҳо ақаллияти мазҳабӣ дар Туркия ҳастанд ва дар гузашта зери фишори суниҳо қарор доштанд. Камол Қиличдароғлу, рақиби Эрдуғон аз алавиҳо аст ва ошкоро дар ин бора сухан гуфт. (видео)

- Малах деҳқонони Фархорро ба дод овардааст.​ Дар ноҳияи Фархор, ҷануби Тоҷикистон малах ба киштзорҳои деҳқонон ҳамла кардааст. Мардум метарсанд, ки ҳашароти зиёновар, ҳосили зироаташонро нобуд мекунад. Онҳо мегӯянд, наандешидани чораҳои зарурӣ барои маҳви тухми малах сабаби омадани ин бало ба сарашон шудааст. (видео)

- Мехоҳед, дар Тоҷикистон рӯзноманигорӣ кунед? ​Рӯзноманигорӣ дар Тоҷикистон ба қатори касбҳои "хатарнок" даромадааст. Танҳо дар як соли охир ҳафт хабарнигорро дастгиру зиндонӣ карданд. Як нафари дигар дар боздошт аст. Ҳамкорони мо дар рӯзи озодии матбуот аз чанд кас дар Душанбе пурсиданд, ки оё мехоҳанд рӯзноманигор бошанд ё не? (видео)

- ​Яҳудиёни бухороӣ чӣ гуна аз Бухоро дур шуданд? Яҳудиён дар Бухоро мегӯянд, шумораашон ҳар рӯз камтар мешавад ва эҳтимол дар оянда мактабу марказҳои динӣ ва фарҳангии онҳо дар Узбекистон ба осорона ё тамошогоҳи таърихӣ бадал шавад. (видео)

КОРМАНДОНИ МУҲТАРАМИ РАСОНАҲО! БО ҲАЗОРОН НАВОРИ САДОВУ ВИДЕО, АЗ ҶУМЛА, ШАКЛИ АСЛИИ САДОВУ ВИДЕОҲО БО ЗАБОНИ ТОҶИКӢ, КИ БАРОИ ЗАХИРА КАРДАНИ КОРШАРИКОН ДАСТРАС ҲАСТАНД, ОШНО ШАВЕД!

XS
SM
MD
LG