Ссылки доступа

Дар Алмато ду фаъоли "Oyan, Qazaqstan"-ро ҳабс карданд


Пулиси шаҳри Алматои Қазоқистон шоми 6 май ду фаъоли ҳаракати "Oyan, Qazaqstan" Дархан Шарипов ва Влада Ермолчеваро дастгир кард.

Маъмурони ҳифзи ҳуқуқи қазоқ Шариповро дар назди манзили зисташ дар маҳаллаи № 53-и Алмато ва Ермолчеваро дар яке аз қаҳвахонаҳои шаҳр дастгир карда, ба шуъбаи пулис бурдаанд.

Онҳо дар нақзи қонун дар бораи тартиби ташкил ва баргузории ҷамъомадҳои осоишта дар Қазоқистон айбдор мешаванд.

"Вакили дифоъро мунтазир ҳастем. Маводи парвандаро нишон доданд. Аксҳои мо низ ҳастанд. Ҳангоми иштирок дар тазоҳуроти назди муҷассамаи Истиқлол гирифта шудаанд", - гуфтааст Шарипов дар суҳбат бо бахши қазоқии Радиои Озодӣ.

Мурофиаи додгоҳии фаъолон шаби 6 ба 7 май баргузор шудааст. Шарипов барои иштирок дар тазоҳуроти моҳи ноябри соли гузашта, дар рӯзи интихоботи пеш аз муҳлати президентӣ ва Ермолчева барои иштирок дар тазоҳуроти 26 марти имсол, як ҳафта баъд аз интихоботи порлумонии Қазоқистон 15-шабонарӯзӣ ҳабси маъмурӣ шуданд.

Фаъолон мегӯянд, эҳтимол онҳоро барои нақшаашон дар бораи баргузор кардани ҳамоиши эътирозӣ дар рӯзҳои наздик дастгир карданд.

XS
SM
MD
LG