Ссылки доступа

"Россотрудничество" 10 хонандаи қазоқро ба Қрим фиристодааст


Идораи "Россотрудничество" 10 хонандаи қазоқистониро ба нимҷазираи Қрим фиристодааст.

Саҳифаи намояндагии "Россотрудничество" дар шаҳри Остона дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук иттилоъ дода, ки ғолибони даври қазоқистонии озмуни хонандагони ҷавони "Классикаи зинда" аз шаҳрҳои Остона, Тараз ва Чимкент барои 24 шабонарӯз ба маркази кудакони "Артек" фиристода шуданд.

Дар аксе, ки дар саҳифаи идора нашр шудааст, ҳафт кӯдак ва як зан дида мешавад. Аммо дақиқ гуфта нашудааст, ки ин акс кай ва дар куҷо гирифта шудааст.

Ин хабар нигарониҳоеро миёни корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ дар Қазоқистон ба бор овардааст. Бархе аз онҳо ба далели таркиши анборҳои нафт ва иншооти низомии Қрим дар ҳафтаҳои ахир ин сафарро хатарнок номида, мақомоти маорифи Қазоқистонро барои фиристодани кӯдакон ба минтақаи ишғолӣ танқид кардаанд.

Вазорати маорифи Қазоқистон то ҳол расман ин хабарро шарҳ надодааст.

Русия соли 2014 нимҷазираи Қримро ишғол кардаааст.

XS
SM
MD
LG