Ссылки доступа

Тоҷикистон хоҳони "камарбанди амниятӣ" дар марзи Афғонистон шуд


На таджикско-афганской границе
На таджикско-афганской границе

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон хостааст, кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой ба ҳадафи мубориза бо қочоқи маводи мухаддир аз Афғонистон як ниҳоди мустақил таъсис диҳанд.

Сироҷиддин Муҳриддин ин матлабро дар ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии СҲШ дар миён гузошт. Ҷаласа охири ҳафтаи гузашта дар Ҳинд баргузор шуд. Вай пешниҳод кард, ки маркази ниҳоди нав дар Душанбе бошад.

Вазири тоҷик "аҳамияти ташаббуси барпо намудани "камарбанди бехатарӣ"-ро дар атрофи Афғонистон" низ зикр кардааст.

Ин пешниҳод дар ҳоле сурат мегирад, ки мақомот дар Душанбе рӯзи 28-уми апрел хабар доданд, ки дар як даргирии нерӯҳои давлатӣ ва қочоқбарон дар вилояти Бадахшон як низомӣ кушта шуд. Ба иттилои расмӣ, қочоқбарон ба тарафи Афғонистон фирор карда, се ҳамкори тоҷикистонии онҳо дастгир шудаанд.

Афсари кушташуда Комрон Раҷабзодаи 33-сола мебошад, ки соли 2021 ба мақоми раиси шуъбаи КДАМ дар шаҳри Хоруғ, маркази Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таъин шуда буд.

Тоҷикистон бо Афғонистон, ки бузургтарин тавлидкунандаи маводи мухаддир дар ҷаҳон аст, беш аз 1300 километр марз дорад ва тирандозӣ бо қочоқбарон дар сарҳад ҳар сол такрор мешавад. Бори аввал аст, ки чунин як афсари баландпоя дар ин тирандозиҳо ба ҳалокат мерасад.

Тарҳи эҷоди камарбанди амниятӣ дар атрофи Афғонистон то замони вуруди нерӯҳои амрикоӣ ба Афғонистон матраҳ буд. Ин тарҳ соли гузашта аз сӯи раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар нишасти Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ, як созмони зери нуфузи Русия, бори дигар матраҳ шуд.

XS
SM
MD
LG