Ссылки доступа

Дар Тошканд рӯзи 9 май мушакпарронӣ мекунанд


Дар шаҳри Тошканди Узбекистон рӯзи 9 май дар ҳудуди боғи "Узбекистони нав" бахшида ба Рӯзи ёдбуд ва гиромидошт мушакпарронии идома сурат мегирад.

Президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев дастур додааст, ки дар минтақаҳои дигари кишвараш низ ин маросим баргузор шавад.

Ба гуфтаи Мирзиёев, пештар мегуфтанд, ки аз маҷмуи 6 млн 551 ҳазор сокини Узбекистон дар замони Ҷанги дувуми ҷаҳонӣ 1 млн 500 ҳазор касро ба ҷанг бурдаанд. Аммо бино ба ҳисобҳои ахир, дар он давра аз Узбекистон ҳудуди 1 млн 951 ҳазор кас ба ҷанг фиристода шудааст.

Ҳамчунин Мирзиёев гуфт, пештар иттилоъ медоданд, ки дар Ҷанги дувуми ҷаҳонӣ 396 ҳазор узбекистонӣ кушта шудааст. Вале бино ба санадҳои нав, теъдоди кушташудаҳо ба 538 ҳазор кас мерасад ва 158 ҳазор узбекистонии дигар бенишон шудааст.

Бино ба ҳисобҳои охир, дар солҳои ҷанг ба Узбекистон 1,5 млн кас, аз ҷумла 250 ҳазор кӯдак сарпаноҳ ёфтааст.

XS
SM
MD
LG