Ссылки доступа

Оташ гирифтани қамишзор дар Қазоқистон нуҳ хонаводаро бе сарпаноҳ гузошт


Оташ гирифтани қамишзор дар наздикии Петропавловск, шимоли Қазоқистон шоми 7 май боиси оташсӯзӣ дар маҳалли аҳолинишин шуд. Дар натиҷа 9 манзил нобуд шуд.

Мақомот 40 сокини маҳаллиро ба ҷои амн кӯчонидаанд. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Қазоқистон гуфт, ки шоми 7 май оташ хомӯш карда шуд ва касе осеб надидааст.

Ин дар ҳолест, ки расонаҳои маҳаллӣ менависанд, як сокин ба бемористон муроҷиат кардааст.

Айдарбек Сафаров, ҳокими вилояти Қазоқистони Шимолӣ гуфт, барои бесарпаноҳон манзили муваққат муҳайё кардаанд.

Сабабҳои оташсӯзӣ ҳанӯз мушаххас нашудааст.

XS
SM
MD
LG