Ба иттилои тафтишот, намояндагони ширкати дорусозӣ даромад аз ҳисоби фурӯши доруҳоро дар гузориши муҳосиботӣ сабт накардаанд. Бо моддаи "Қонунигардонии даромадҳои ҷиноӣ" парванда боз шудааст.
Вазорати корҳои дохилии Қирғизистон мегӯяд, кормандони ширкат дар якҷоягӣ бо бархе аз пизишкон "беморонро ташвиқ кардаанд, ки ба таври ҳатмӣ" доруҳои ширкатро харидорӣ кунанд. Пизишкон аз ин ҳисоб фоиз мегирифтаанд.
Додгоҳи ноҳияи Якуми майи шаҳри Бишкек мудири ширкат, шаҳрванди Озарбойҷон ва муҳосиби ширкатро ба ҳабси пешакӣ гирифтааст. Ширкати мазкур таҳти номҳои "RV" ва "RO" соли 2018 дар Қирғизистон сабти ном шудааст.