Ссылки доступа

Дар Узбекистон ба интихоботи пешазмуҳлати президентӣ омодагӣ мебинанд


Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Узбекистон ба интихоботи пеш аз муҳлати президентӣ, ки қарор аст, 9 июли имсол баргузор шавад, омодагиро оғоз кардааст.

Тибқи иттилои хабаргузории "Газета.уз", КМИР Узбекистон нақша дорад, ки шуруи маъракаҳои пешазинтихоботиро дар он кишвар аз 10 майи соли равон эълом кунад.

Раиси Ҳизби "Миллий тикланиш"-и Узбекистон Алишер Қодиров нахустиншуда ба хабари омодагиҳо ба интихоботи пеш аз муҳлати президентӣ вокуниш кард. Ӯ гуфт, ин иқдомро дастгирӣ мекунад.

Президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев 8 май дар суҳбат бо раисони ҳар ду палатаҳои порлумон, мақомоти додгоҳӣ ва иҷроияи ин кишвар хабар дод, ки интихоботи пеш аз муҳлати президентӣ баргузор карда мешавад. Давраи кунунии президентии Мирзиёев соли 2026 ба поён мерасид.

КМИР Узбекистон Мирзиёевро дар интихоботи моҳи октябри соли 2021 баранда эълом карда, гуфт, ки 80,1 дарсади иштирокдорон ба ҷонибдорӣ аз ӯ раъй додаанд.

XS
SM
MD
LG