Ссылки доступа

Дар порлумони Қирғизистон пешниҳоди тағйири Конститутсияро доранд


Вакилони порлумони Қирғизистон дар ҷаласаи рӯзи 10 май пешниҳоди ҷиноҳи "Бутун Қирғизистон"-ро дар мавриди ба истеъфо фиристодани девони вазирон баррасӣ карданд.

"Бутун Қирғизистон" мегӯяд, девони вазирон бояд барои иҷро накардани меъёри конститутсионие ба истеъфо фиристода шавад, ки дар он меъёр омадааст, нафақа ва кӯмакпулиҳо набояд аз маоши ҳадди ақал кам бошанд.

Бархе аз вакилони порлумони Қирғизистон гуфтанд, истеъфои девони вазирон мушкили мазкурро ҳал намекунад ва бояд Конститутсия тағйир дода шавад.

"Мо бояд якҷо шавем ва ба мушкили конститутсионӣ муроҷиат кунам. Набояд аз иштибоҳҳое шарм дошт, ки дар Конститутсия ҷо доранд", - гуфт Мирлан Самийкожо, вакили порлумони Қирғизистон.

Дар ниҳоят вакилони порлумон пешниҳоди истеъфои девони вазиронро рад карданд.

Пештар аз ин Оқилбек Ҷабборов, раиси девони вазирони Қирғизистон гуфта буд, ки иҷрои меъёри конститутсионӣ дар бораи аз маоши ҳадди ақал кам набудани ҳаҷми нафақа ва кӯмакпулиҳо дар айни замон номумкин аст.

Конститутсияи амалкунандаи Қирғизистон дар раъйпурсии рӯзи 11 апрели соли 2021 - баъди сари қудрат омадани Содир Ҷабборов қабул шудааст.

XS
SM
MD
LG