Ссылки доступа

Ду фаъоли қарақалпоқистониро ғоибона зиндонӣ карданд


Иллюстративное фото
Иллюстративное фото

Амонбой Сагидуллоев ва Ниятбой Урозбоев дар доираи парвандаи ҳодисаҳои Нуқуси Қарақалпоқистон ғоибона маҳкум ба зиндон шуданд.

Онҳоро мутаносибан 18 ва 12 сол зиндонӣ карданд. Дар ин бора маркази матбуотии Додгоҳи олии Узбекистон хабар дод.

Қарори додгоҳ пушти дарҳои баста рӯзи 10 май содир шудааст.

Муҳокимаи додгоҳӣ бидуни ҳузури айбдоршавандаҳо сурат гирифт. Зеро, ҳар дуи онҳо берун аз Узбекистон зиндагӣ мекунанд.

Эътирозҳо дар Қарақалпоқистони Узбекистон баъди он шуруъ шуданд, ки тарҳи нави Конститутсияи он кишвар нашр гардид. Дар тарҳи нав мақоми Қарақалпоқистон ҳамчун ҷумҳурии мустақил бекор ва он аз ҳаққи хориҷ шудан аз ҳайати Узбекистон маҳрум гардида буд.

Ба иттилои мақомоти Узбекистон, дар ҳодисаҳои шаҳри Нуқуси Қарақалпоқистон рӯзҳои 1 ва 2 июли соли 2022 21 кас кушта, 243 тани дигар маҷруҳ шудаанд. Бештар аз 500 кас боздошт шуда буд.

Баъди он ҳодисаҳо аз тағйир додани мақоми Қарақалпоқистон даст кашиданд.

XS
SM
MD
LG