Ссылки доступа

Қирғизистон садҳо ҳектар заминро аз даст додааст (видео)


Гуруҳи кории муташаккил аз вакилони порлумон ва ниҳодҳои дахлдори Қирғизистон васеъшавии соҳилҳои рӯдхонаи Чӯйи ин кишварро меомӯзад.

Муовини раиси порлумони Қирғизистон Нурланбек Азигалиев гуфт, масъалаи ҷудо кардани маблағ барои бастани соҳилҳои рӯдхонаи мазкур низ баррасӣ мешавад.

Қаблан бахши қирғизии Радиои Озодӣ бо истинод ба Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи ин кишвар хабар дод, ки барои соҳилбандӣ назар ба оне, ки дар нақша омадааст, камтар пул ҷудо мешавад. Тибқи нақша, соли 2023 барои бастани соҳилҳои Чӯй бояд 177 миллион сом ҷудо мешуд, вале танҳо 50 миллион сом ҷудо шудааст.

Девони вазирон ва маъмурияти президенти Қирғизистон то ҳол кам ҷудо шудани маблағро шарҳ надодаанд.

Бахши қирғизии Радиои Озодӣ моҳи гузашта хабар дода буд, ки Қирғизистон дар пайи васеъшавии соҳилҳои рӯдхонаи Чӯй садҳо ҳектар заминро аз даст додааст. Вазири ҳолатҳои фавқулодаи Қирғизистон Бообек Ажикеев ду сол пеш гуфт, кишвараш дасти кам 800 ҳектар заминро аз даст додааст. Президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов изҳор дошт, ки ин масъаларо таҳти назорат мегирад.

XS
SM
MD
LG