Ссылки доступа

Пригожин кист? "Вагнер" чӣ гуна кор мекунад? (гулчин)


AFGHANISTAN -- In this photograph taken on April 25, 2023, an Afghan taxi driver yawns while he sits at the back of his Toyota Corolla car along a road, beneath the kot-e Sangi bridge in Kabul. Little is certain in Afghanistan

Ба расонаҳои минтақа ҳақ дода мешавад, ки аз ин матлабҳо ба сурати комил ва ё ҷузъӣ истифода кунанд. Бо дархости муштариён метавонем ба онҳо шакли аслии наворҳои видеоиро фиристем. Онҳо, инчунин, метавонанд матлаби дилхоҳи худро аз махзани Директ истифода кунанд.

- Пригожин кист? "Вагнер" чӣ гуна кор мекунад? ​Ширкати “Вагнер”, ки аз сӯйи чанд кишвар, аз ҷумла Амрикову Фаронса террористӣ эътироф шудааст, баҳори соли 2022 ба ҷанг дар Украина пайваст. Зархаридони ширкат зиндониёне ҳастанд, ки таҷрибаи зарурии ҳарбӣ надоранд ва дар ҷабҳа ба “сипарҳои зинда” табдил меёбанд. Маълумоти бештар дар видеост. (видео)

- Анварбӣ: "Маскав рафтам, ҳаминқадар азоб кашидам".​ Ҳукумати Тоҷикистон беш аз ду даҳсола мешавад, пайваста дар бораи кӯшишҳои худ барои боло бурдани мақоми занон ва беҳбуд бахшидан ба зиндагии онҳо ҳарф мезанад. Аммо бархӯрде, ки дар нисбати қаҳрамони гузориши мо сурат гирифтааст, муносибати баръаксро нишон медиҳад. (видео)

- “Деҳаи Бибиширин ва зодагони сарбаланди он". Дар ноҳияи Бойсуни вилояти Сурхондарёи Узбекистон китобе рӯнамоӣ гардид, ки ба деҳаи қадимаи тоҷикнишин бо номи Бибиширин бахшида шудааст. Муаллифи ин китоб ҳам зодаи ин минтақа аст ва мақсад аз таълифи китобро шиносоии сокинони деҳ бо аслу шаҷараи хеш мегӯяд (видео)

- Дар Фархор даъво сари роҳ ҳамаро безор кардааст.​ Як қитъаи роҳ дар ноҳияи Фархор ҷанҷолӣ шудааст, ки баҳси онро на додгоҳ ва на раиси ноҳия натавонистаанд ҳал кунанд. Ин роҳро як сокини деҳа замини худ дониста бастааст, вале аҳолии деҳа алайҳи ӯ шуридаанд. Ба гуфтаи сокинон, ин роҳ рафтуои онҳоро ба мактабу маркази деҳа наздиктар мекунад. (видео)

- ​Абераи Аҳмади Дониш мехоҳад, қадри бобокалонашро бидонанд.​ Пайвандони Аҳмади Дониш, донишманди шинохтаи тоҷик дар Бухоро аз мақомоти Узбекистон хостаанд, ёди ӯро гиромӣ доранд. Онҳо мегӯянд, дар давраи Президентии Ислом Каримов борҳо дар ин маврид муроҷиат намуданд, вале натиҷа надод. Ҳоло интизор доранд, ки президенти кунунӣ арзашонро ҷиддӣ мегирад. (видео)

- ​Ронандаҳои Душанбе аз бензин даст мекашанд? ​Хадамоти гумруки Тоҷикистон гуфтааст, ки теъдоди мошинҳои барқӣ, ки бегазу бензин ҳаракат мекунанд, дар кишвар афзоиш ёфтааст. (видео)

- ​Баҳси дин дар интихоботи Туркия авҷ мегирад. ​Дар интихоботи президентии Туркия бо Раҷаб Тайиб Эрдуғон нафаре рақобат хоҳад кард, ки пайрави мазҳаби алавӣ аст. Алавиҳо ақаллияти мазҳабӣ дар Туркия ҳастанд ва дар гузашта зери фишори суниҳо қарор доштанд. Камол Қиличдароғлу, рақиби Эрдуғон аз алавиҳо аст ва ошкоро дар ин бора сухан гуфт. (видео)

- Малах деҳқонони Фархорро ба дод овардааст.​ Дар ноҳияи Фархор, ҷануби Тоҷикистон малах ба киштзорҳои деҳқонон ҳамла кардааст. Мардум метарсанд, ки ҳашароти зиёновар, ҳосили зироаташонро нобуд мекунад. Онҳо мегӯянд, наандешидани чораҳои зарурӣ барои маҳви тухми малах сабаби омадани ин бало ба сарашон шудааст. (видео)

- Мехоҳед, дар Тоҷикистон рӯзноманигорӣ кунед? ​Рӯзноманигорӣ дар Тоҷикистон ба қатори касбҳои "хатарнок" даромадааст. Танҳо дар як соли охир ҳафт хабарнигорро дастгиру зиндонӣ карданд. Як нафари дигар дар боздошт аст. Ҳамкорони мо дар рӯзи озодии матбуот аз чанд кас дар Душанбе пурсиданд, ки оё мехоҳанд рӯзноманигор бошанд ё не? (видео)

- ​Яҳудиёни бухороӣ чӣ гуна аз Бухоро дур шуданд? Яҳудиён дар Бухоро мегӯянд, шумораашон ҳар рӯз камтар мешавад ва эҳтимол дар оянда мактабу марказҳои динӣ ва фарҳангии онҳо дар Узбекистон ба осорона ё тамошогоҳи таърихӣ бадал шавад. (видео)

КОРМАНДОНИ МУҲТАРАМИ РАСОНАҲО! БО ҲАЗОРОН НАВОРИ САДОВУ ВИДЕО, АЗ ҶУМЛА, ШАКЛИ АСЛИИ САДОВУ ВИДЕОҲО БО ЗАБОНИ ТОҶИКӢ, КИ БАРОИ ЗАХИРА КАРДАНИ КОРШАРИКОН ДАСТРАС ҲАСТАНД, ОШНО ШАВЕД!

XS
SM
MD
LG