Ссылки доступа

Forbes: дороии хешовандони президенти пешин ва сарватмандони Қазоқистон афзудааст


Бахши қазоқистонии маҷаллаи Forbes рейтинг ё баҳогузории дороии сарватмандони қазоқистониро дар соли 2022 нашр кард.

Дороии духтари Нурсултон Назарбоев, президенти пешини Қазоқистон Динора Қулибоева ва ҳамсараш Тимур Қулибоев дар як соли охир 800 млн доллар афзудааст. Ин ҷуфт дар сегонаи сарватмандтарин шаҳрвандони Қазоқистон шомил мешавад.

Дариға Назарбоева, духтари дигари Назарбоев дар мақоми 14-ум ва писари Дариға Нуралӣ Алиев дар мақоми 29-ум, Нурбол Назарбоев, писари Болат Назарбоев - бародари Нурсултон Назарбоев дар мақоми 45-ум қарор дорад.

Дороии умумии сарватмандони Қазоқистон дар соли ҷорӣ 23,9 млр долларро ташкил медиҳад. Дар ҳоле, ки соли гузашта маҷмуи дороии сарватмандони қазоқистонӣ ба 25,3 млрд доллар мерасид.

XS
SM
MD
LG