Ссылки доступа

Нисбати роҳбари пешини палатаи соҳибкорони Қазоқистон парванда боз шудааст


Хадамоти зиддифасоди Қазоқистон хабар дод, ки нисбати Аблай Мирзахметов, раиси пешини раёсати палатаи миллии соҳибкорони он кишвар парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Ин хадамот иттилоъ дод, ки ҷузъиёти парвандаи вай расонаӣ намешавад.

Аммо расонаҳои қазоқистонӣ шоми 10 май хабар доданд, Мирзахметов дар доираи парвандаи фасодкорӣ дар ҳаҷми 30 млн доллар боздошт шудааст.

Мирзахметов аз соли 2013 то моҳи феврали соли 2022 Палатаи миллии соҳибкорони Қазоқистонро роҳбарӣ кардааст.

XS
SM
MD
LG