Бино ба гузориши хабаргузории "Anadolu", Инҷе сабаби бозпас гирифтани номзадии худро "мавҷи маводу далелҳо"-е номида, ки дар ҷараёни маъракаҳои интихоботӣ зидди ӯ нашр шуданд. Ба гуфтаи Инҷе, расонаҳои туркӣ дар давоми 40 рӯз алайҳи ӯ аксу маълумоти дуруғ ва сохта нашр карданд ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ низ аз тафтиши онҳо худдорӣ карданд.
Инҷе гуфтааст, давлати Туркия натавонист аз обурӯи ӯ ҳамчун шаҳрванд ва номзад ба мақоми президентӣ ҳимоят кунад.
Инҷе нагуфтааст, ки номзадии худро ба ҷонибдорӣ аз кадом номзади дигар бозпас мегирад.
Тибқи натиҷаи назарсанҷие, ки 11 май нашр шуд, 2,2 дарсади пурсишудаҳо гуфтаанд, ки омодаанд ба ҷонибдорӣ аз Инҷе раъй диҳанд. Дар ҳоле ки ду ҳафта қабл 4,3 дарсади иштирокдорон омода буданд, ки ба ӯ овоз диҳанд. Дар ин назарсанҷӣ 49,3% аз Камол Қиличдороғлу ва 43,7% аз президенти кунунӣ Раҷаб Эрдуғон ҳимоят кардаанд.
Бар асоси қонунгузории Туркия, номзаде барандаи интихобот эълом мешавад, ки беш аз 50 дарсади овозҳоро ба даст орад.