Ссылки доступа

Мақоми аввали Узбекистон аз нигоҳи теъдоди муҳоҷиронаш дар Русия


Дар се моҳи аввали соли равон 630 ҳазору 859 муҳоҷири корӣ аз Узбекистон ба Русия сафар кардааст.

Нашрияи "Ведомости" бо истинод ба омори Хадамоти федеролии амнияти Русия иттилоъ додааст, ки дар семоҳаи аввали имсол 1300 000 муҳоҷири корӣ ба Русия рафтааст. Ин рақам назар ба ҳамин давраи соли гузашта 1,6 дарсад бештар аст.

Тибқи иттилои манбаъ, Тоҷикистон (349 ҳазору 357 кас) ва Қирғизистон (172 ҳазору 591 нафар) аз нигоҳи шумори муҳоҷиронашон, ки ба Русия мераванд, мутаносибан дар мақоми дувум ва севум қарор доранд.

Дар ин давра аз Арманистон 47 ҳазору 337 кас ва аз Қазоқистон 34 ҳазору 783 нафар барои кор ба Русия рафтааст.

Ин арқоми муҳоҷироне аст, ки қонунӣ дар Русия кор мекунанд. Шумори воқеии онҳо метавонад бештар аз ин бошад.

XS
SM
MD
LG