Таниш дар рӯзҳои охир афзудааст, гуфт вазир.
Майоркас ҳушдор дод, онҳое, ки ғайриқонунӣ марзи ИМА-ро убур мекунанд, муҷозот мешаванд. "Марзҳои мо боз нестанд", - гуфт вай рӯзи панҷшанбе дар Кохи сафед.
Ба иттилои расонаҳои ИМА, ҳафтаи ҷорӣ ҳукумати Амрико тартиби нави додани паноҳандагиро ҷорӣ кардааст. Акнун ба бисёрии муҳоҷироне, ки ғайриқонунӣ вориди Амрико шудаанд, дар дарёфти паноҳандагӣ посухи рад дода хоҳад шуд.
Омори як ҳафтаи ахир нишон додааст, ки танҳо дар як рӯз то 10 ҳазор кас ғайриқонунӣ вориди ИМА шудааст.