Ссылки доступа

Ҳизби экологии Узбекистон нахустин шуда даъвои курсии президентӣ кард


Рӯзи 11 май Анҷумани ғайринавбатии Ҳизби экологии Узбекистон баргузор шуд. Дар ин анҷуман аъзои ҳизб тасмим гирифтанд, ки дар интихоботи ғайринавбатии президентӣ номзад пешбарӣ кунанд.

Ба ин тартиб, раиси ҳизб Абдушукур Ҳамзаев дар интихобот ҳамчун номзад пешбарӣ шудааст.

Ҳамзаеви 50-сола зодаи вилояти Сурхандарёи Узбекистон аст.

Ҳизби экологии Узбекистон дар интихоботи президентии соли 2021 4,1 дарсад раъй гирифта буд.

Интихоботи пеш аз муҳлати президентӣ дар Узбекистон 9 июл таъйин шудааст. Маъракаи интихоботӣ 10 май шуруъ шуд.

Комисияи марказии интихобот ва раъйпурсии Узбекистон гуфт, пешбарии номзадҳо то 1 июн идома мекунад ва сабти номи номзадҳо 6 июн ба поён мерасад.

XS
SM
MD
LG