Ссылки доступа

Ду ҳизби сиёсӣ дар Узбекистон Шавкат Мирзиёевро дар интихоботи президентӣ номзад карданд


Ҳизбҳои "Миллий тикланиш" ва "УзЛиДеП" тасмим гирифтанд, ки дар интихоботи пеш аз муҳлати президентӣ аз номзадии президенти амалкунандаи Узбекистон Шавкат Мирзиёев ҷонибдорӣ кунанд.

Дар анҷуманҳои ахири ин ду ҳизб тасмим шудааст, ки дар интихобот номзадии Шавкат Мирзиёевро пешбарӣ кунанд.

Алишер Қодиров, раиси ҳизби "Миллий тикланиш" дар анҷумани рӯзи 13 май гуфтааст, ки "душвориҳои кунунӣ муттаҳидиро талаб мекунанд". "Мо бояд атрофи президенти амалкунанда ҷамъ шавем ва иқтидори ватан ва некуаҳволии мардумро таъмин намоем", - гуфтааст Алишер Қодиров.

Ба ин тартиб, ҳамаи ҳизбҳои сиёсии Узбекистон номзадҳояшонро барои иштирок дар интихоботи президентӣ муайян кардаанд. Ҳизби экологӣ раисаш Абдушукур Ҳамзаев, Ҳизби халқӣ-демократӣ Улуғбек Иноятов, Ҳизби сотсиал-демократии "Адолат" Робахон Мамудовро пешбарӣ кардаанд.

XS
SM
MD
LG