Ссылки доступа

7 корманди хоҷагии оби шаҳри Панҷакент ба ҳалокат расидаанд


Ҳафт корманди идораи хоҷагии оби шаҳри Панҷакент ҳангоми кор заҳролуд шуда, ба ҳалокат расидаанд. Ҳодиса шоми 13-уми май дар кӯчаи “50-солагии Тоҷикистон”-и шаҳри Панҷакент рух додааст.

Диловар Ҳамдамов, сухангӯи Раёсати ҳолатҳои фавқулодаи вилояти Суғд 14-уми май ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳафт корманди корхонаи “обтаъминкунӣ ва канализатсияи шаҳри Панҷакент” ва як шаҳрванд ба таъмири хати оби партов оғоз мекунанд.

“Ҳангоми таъмиркунӣ 8 нафар беҳуш мешаванд ва аз тарафи мақомотҳои ноҳия онҳоро дар ҳолати беҳушӣ ба беморхона мебаранд. Дар беморхона 7 нафар кормандони корхонаи фаръии давлатӣ ба ҳалокат мерасанд, 1 нафар шаҳрванд дар шуъбаи эҳё бистарӣ шудааст. Ҷасади 7 нафарро ба наздиконашон супориданд,”-афзуд сухангӯи Кумита дар вилояти Суғд.

Диловар Ҳамдамов афзуд, таҳқиқи ҳодиса аз тарафи мақомот идома дорад.

XS
SM
MD
LG