Ссылки доступа

Муштзани машҳури узбек Руфат Рискиев аз IBA нафақаи якумрӣ мегирад


Яке аз нахустин қаҳрамонҳои ҷаҳон оид ба бокс, муштзани машҳури ӯзбек Руфат Рискиев аз Ассотсиатсияи байналмилалии бокс (IBA) нафақаи якумрӣ мегирад.

Раиси IBA Умар Кремлев Рискиеви 73-соларо дар бемористон аёдат карда, ба ӯ камарбанди қаҳрамонӣ ва ҷоизаи “Барои иродаи пирӯзӣ”, ки барои маҳбусони ӯрдугоҳи фашистон дар Бухенвалд пешбинӣ шудааст, тақдим кард.

Тибқи иттилои Хабаргузории УзА, Кремлев ба Рискиев аз номи IBA мукофотпулӣ дар ҳаҷми 10 ҳазор доллари амрикоӣ тақдим карда, гуфтааст, муштзани узбек минбаъд ҳар моҳ 1000 доллари амрикоӣ нафақа хоҳад гирифт.

Рискиев соли 1974 дар чемпионати ҷаҳон дар Гавана (Куба) соҳиби медали тило шуда, дар Бозиҳои олимпии соли 1976 медали нуқра ба даст оварда аст. Ӯ дар 189 қуваозмоӣ дар 174-тоаш баранда шудааст.

XS
SM
MD
LG