Ссылки доступа

Ҷабборов бо сафари давлатӣ ба Чин меравад


Президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов барои анҷоми сафари давлатӣ ба Чин меравад.

Хадамоти матбуотии президенти Қирғизистон хабар дод, ки ин сафар рӯзҳои 18-майи имсол сурат хоҳад гирифт.

Манбаъ афзуда, ки дар ҷараёни сафар мулоқоти дуҷониба бо раисиҷумҳури Чин Си Ҷинпин, як қатор мансабдорони дигари баландпоя ва доираҳои тиҷоратии он кишвар дар назар аст.

Ҳамчунин Ҷабборов дар доираи сафари худ дар саммити "Чин-Осиёи Марказӣ" иштирок мекунад.

Пештар, ибтидои моҳи май маълум шуд, ки мақомоти Қирғизистон ва Чин дар мавриди ҷорӣ кардани низоми бидуни раводид миёни ду кишвар гуфтугӯ мекунанд.

XS
SM
MD
LG