Ссылки доступа

Ба қазоқистониҳо гуфтанд, пайвастан ба "Вагнер" ҷиноят аст


Рӯзноманигорони Қазоқистон дар ҳошияи ҷаласаи порлумон аз муовини раиси Кумитаи амнияти миллии ин кишвар Марат Колкобоев дар бораи шикояти волидони ҷавононе пурсиданд, ки тавассути ширкати хусусии низомии "Вагнер"-и Русия ба ҷанги Украина ҷалб мешаванд.

Ба гуфтаи рӯзноманигорон, волидони ҷавонони боздоштшуда дар Русия дар шабакаҳои иҷтимоӣ шикоят мекунанд, ки фарзандонашон тавассути "Вагнер" ба ҷанг ҷалб мешаванд, вале Қазоқистон наметавонад шаҳрвандони худро ҳимоят кунад.

"Оё Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон ин масъаларо пайгирӣ мекунад ва оё шумо бо Хадамоти зиндонҳои Русия тамос доред?" — пурсидааст рӯзноманигор Айнур Коскина, маъмури канали "QOS" дар Телеграм.

"Мо бо муассисаҳои ислоҳӣ тамос надорем, зеро вазифаи мо дигар аст. Аммо агар далелҳое дар бораи иштироки шаҳрвандони мо дар задухӯрдҳои мусаллаҳонаи ғайриқонунии хориҷӣ вуҷуд дошта бошанд, онҳо ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида мешаванд. Агар онҳо ҷалб шаванд ва иштирок кунанд, муҷозот хоҳанд шуд. Вале ончи шумо мегӯед, шояд ба вазорати умури хориҷӣ дахл дошта бошад", - посух додааст Колкобоев.

Ин дар ҳолест, ки вақтҳо ахир дар бораи ҷалби шаҳрвандони Қазоқистон аз зиндонҳои Русия ба ҷанги Украина хабарҳои зиёд ба нашр мерасанд.

XS
SM
MD
LG