Ссылки доступа

Дар Узбекистон имом-хатиберо аз минбар ронданд, ки аз муҳоҷирон ва рақси "валс" интиқод кард


Шукрулло Эгамбердиева, имом-хатиби ноҳияи Ташлаки вилояти Фарғонаи Узбекистонро аз мақом барканор карданд.

Раёсати мусалмонҳои Узбекистон гуфт, дар ин бора ҷаласаи Комисияи назорати дохилии Раёсати мусалмонҳо рӯзи 16 май тасмим гирифт.

"Эгамбердиев эътироф кард, ки дар амри маъруфҳояш ба иштибоҳ роҳ додааст ва узрхоҳӣ кард. Имом-хатиб гуфт, дар оянда ба ин иштибоҳҳо роҳ нахоҳад дод. Аз ҷониби дигар мо даъват мекунем, ки аз бадномсозии имом-хатиб худдорӣ карда шавад, зеро ба рафтори вай баҳои ҳуқуқӣ дода хоҳад шуд", - омадааст дар хабари Раёсати мусалмонҳои Узбекистон.

Ахиран дар шабакаҳои иҷтимоӣ як амри маъруфи Эгамбердиев паҳн шуд, ки вай аз муҳоҷирони меҳнатии узбекистонӣ интиқод мекунад.

"Шикоят мекунанд, ки кор нест. Аммо чи қадар одамон ба хориҷ намераванд ва ҳамин ҷо кор меёбанд. Бояд майнаро истифода кард, бояд талош кард, аз Худо талаб кард. Такаббуриро фаромӯш кард. Инҷо кӯча намерӯбанд, аммо дар Русия мерӯбанд. Инҷо зери пойи говро тоза намекунанд, аммо онҷо зери пойи хукро тоза мекунанд... Агар таҳсил накунӣ, ғулом мешавӣ. Дар мактаб бояд таҳсил кард. Агар бачаҳо ба илм таваҷҷуҳ накунанд, ғулом мешаванд, кори вазнин мекунанд", - гуфт имом-хатиб.

Дар навори дигар вай аз духтароне интиқод мекунад, ки дар шаби хатми мактаб бо ҳамсинфони худ "валс" мерақсанд.

"Бубинед дар шабҳои хатм чи рух медиҳад. Шаби хатм - яъне анҷоми ҳар коре мумкин аст? Чаро шумо иҷоза медиҳед, ки хатмкунандаҳо ба истироҳат раванд? Дар бархе ҷойҳо рақсидани валсро иҷоза медиҳанд. Омӯзгорон ба куҷо менигаранд? Бо духтари синфи 11 фардо чи рух медиҳад, вақте бо ҳамсинфи худ валс мекунад? Кӣ ӯро ба ҳамсарӣ мегирад? Касе, ки оқил аст, ӯро ба ҳамсарӣ намегирад. Оё вай бо ҳаё мешавад? Оё ба шавҳараш содиқ мемонад?", - гуфт Шукрулло Эгамбердиев.

Ин ҳарфҳои имом дар шабакаҳои иҷтимоӣ баҳсу эътирозҳои зиёдеро ба бор овард. Комисияи Раёсати мусалмонони Узбекистон ба ин хулоса расидааст, ки гуфтаҳои имом-хатиб "муносибати имом-хатиб нестанд".

XS
SM
MD
LG