Ссылки доступа

Писари Ислом Каримов дар Русия дастгир шудааст


Петр - писари Ислом Каримов, президенти пешини Узбекистон бо гумони латтукӯби ҳамсараш дар Красногорски Русия дастгир шудааст.

Нашрияи "Известия" 16 май хабар дод, ки ҳодиса дар баландошёнаи зисте дар "Подмосковний булвар" рух додааст. Тибқи фарзияи мақомот, Каримов дар пайи як баҳси лафзӣ ҳамсараш Юлия Сметанкинаро латтукӯб кардааст.

Ҳамсояҳо ду бор пулисро даъват кардаанд ва дар натиҷа маъмурони ҳифзи ҳуқуқ баъди даъвати дувум Каримовро дастгир кардаанд.

Расонаҳои русӣ иттилоъ додаанд, ки Каримов озод шудааст, вале ӯ ҳанӯз ҳам гумонбар дониста мешавад. Юлия Сметанкина осеб дида, дар бемористон бистарӣ аст.

Замоне, ки Каримов зинда буд, дар сарчашмаҳо дар бораи Петр иттилоъ дода намешуд. Вале баъдтар сомонаҳои интернетӣ навиштанд, ки Ислом Каримов бори аввал солҳои 60-уми асри гузашта издивоҷ кардааст. Аз издивоҷи аввал Петр Каримов соли 1969 таваллуд шудааст. Петр Каримови 54-сола аз соли 1990 дар Русия, асосан дар шаҳри Москва зиндагӣ мекунад.

XS
SM
MD
LG