Ссылки доступа

Занони зиндонии Осиёи Марказӣ дар Ироқ гуруснашиниро бас карданд


Маъмурияти зиндони занонаи "Русафа" дар шаҳри Бағдоди Ироқ ба шаҳрвандони Русия ваъда додааст, ки онҳоро ба зиндонҳои кишварашон интиқол хоҳанд дод. Дар ин бора сомонаи "Кавказ.Реалии" хабар медиҳад.

Дар баробари занони Русия шаҳрвандони зиндонии кишварҳои Осиёи Марказӣ низ дар зиндони "Русафа" се ҳафта пеш гуруснашинӣ эълом карда буданд. Онҳо талаби бозбинии парвандаҳояшон ва интиқол ба кишварҳояшонро доштанд.

Миёни заноне, ки гуруснашинӣ эълом кардаанд, шаҳрвандони Қирғизистон, Узбекистон, Доғистон, Чеченистон, Русия, Озарбойҷон ва Туркия низ ҳастанд.

Моҳи апрел 40 зани қирғизистонӣ аз зиндони "Русафа" тавассути рӯзноманигорон аз мақомоти Қирғизистон даъват карда буданд, ки онҳоро аз Ироқ берун баранд. Он занон гуфта буданд, ки аксарият солҳои 2014-2015 ба дунболи шавҳаронашон ба Сурияву Ироқ рафтаанд ва "террорист нестанд". Занон аз шароити нигаҳдорӣ дар зиндон шикоят карда буданд.

Ба иттилои хабаргузории Reuters, то 19 марти соли 2021 дар зиндони "Русафа" 494 зан нигаҳдорӣ мешуд. Инҳо шаҳрвандони 18 кишвар буданд, ки дар Ироқ зиндонӣ шудаанд.

XS
SM
MD
LG