Ссылки доступа

Ҳабси марде дар Тошканд барои хушунати ҷинсӣ дар дохили метро


Додгоҳе дар шаҳри Тошканди Узбекистон мардеро ба 5 рӯзи ҳабси маъмурӣ маҳкум кард, ки дар дохили метро нисбати зане хушунати ҷинсиро раво дидааст.

"Жамшидбек Шамуратови 24-сола, сокини вилояти Хоразм дар дохили метро нисбати духтаре дастдарозӣ кардааст. Ҷабрдида ба навбатдорони истгоҳи метро муроҷиат ва Шамуратов аз сӯи онҳо боздошт шудааст", - хабар доданд аз мақомоти додгоҳии Узбекистон.

Дар мурофиаи додгоҳӣ мард айби эъломушударо эътироф ва аз кардааш изҳори пушаймонӣ кардааст. Ҷабрдида аз додгоҳ хостааст, ки нисбати мард ҷазои сабук таъйин шавад.

Дар натиҷа додгоҳ ӯро дар "хушунати ҷинсӣ" айбдор ва 5 рӯз ба ҳабси маъмурӣ гирифт. Ҳукми додгоҳ рӯзи 12 май содир шудааст.

XS
SM
MD
LG