Ссылки доступа

​​​​​​​Александр Лукашенко дар куҷост? (гулчин)


Ба расонаҳои минтақа ҳақ дода мешавад, ки аз ин матлабҳо ба сурати комил ва ё ҷузъӣ истифода кунанд. Бо дархости муштариён метавонем ба онҳо шакли аслии наворҳои видеоиро фиристем. Онҳо, инчунин, метавонанд матлаби дилхоҳи худро аз махзани Директ истифода кунанд.

- Ахбори Озодӣ аз 16-уми майи соли 2023. Бонки ҷаҳонӣ сармоягузориҳояшро бо ҷилавгирӣ аз тағйири иқлим пайваст хоҳад кард, интизориҳо аз мулоқоти раҳбарони Чин ва кишварҳои Осиёи Марказӣ, наздикони зани аз латукӯб фавтида адолат мехоҳанд ва матолиби дигар. (видео)

- Александр Лукашенко дар куҷост? ​Александр Лукашенко, раҳбари худкомаи Беларус, рӯзи 14-уми май дар маъракаҳои бахшида ба Рӯзи парчаму нишон ва суруди миллии кишвараш иштирок накард ва ба оташи овозаҳо дар бораи хуб набудани саломатияш равған рехт. (видео)

- Марди 70-соларо барои "Like" боздошт кардаанд.​ Маъмурони амниятӣ як сокини бознишастаро дар шаҳри Исфара дастгир кардаанд, аммо шарҳ надоданд, ки чаро. Наздиконаш мегӯянд, ӯ баъди баҳс дар масъалаи даъвати ҷавонон ба артиш ба ифротгароӣ гумонбар шуд. Камолиддин Шарофови 70-соларо дар Боздоштгоҳи муваққатӣ дар Хуҷанд нигоҳ медоранд. (видео)

- ​Филми профессори амрикоӣ дар Тоҷикистон.​ Профессори амрикоӣ, Ричард Волф, мустанадашро дар бораи вижагиҳои мусиқии ду сӯйи Ому, Тоҷикистону Афғонистон, нишон медиҳад. Намоиш 16 май дар Душанбе хоҳад гузашт. Ҳунаршинос аз Ҳарвард дар филми худ аз риштаҳои гусаста, аммо дилҳои ба ҳам пайвастаи сокинони Тоҷикистону Афғонистон қисса мекунад. (видео)

- "Бархе хуб кор мекунанд, бархеи дигар не". Назари сокинони Тоҷикистон ба хадамоти тиббӣ ва кори пизишкон яксон нест. Иддае донишу кори табибонро ситоиш мекунанду дигарон аз гуё бепарвоӣ ва хадамоти пулакии онҳо шикоят доранд. 12-уми май рӯзи байнулмилалии ҳамшираҳои шафқат аст (видео)

- Оё таркиш дар НФС-и Душанбе дарс хоҳад шуд? Будани нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ дар наздикии хонаҳо дар Тоҷикистон боис ба ташвиши мардум шудааст. Солҳои охир бар асари сӯхтор ва таркиш дар чунин нуқтаҳо чандин нафар ҷон бохтаву захмӣ гардиданд (видео)

- Мактабе бо як синф ва 14 хонанда дар Ёси Ваҳдат. Дар Тоҷикистон мактабе ҳаст, ки танҳо як синфхона дорад ва дар он хонандагони синфҳои гуногун якҷоя таҳсил мекунанд (видео)

- Чаро дар шаҳри Алмато бинои дар ҳодисаҳои январӣ оташгирифтаро наметавонанд, таъмир кунанд (видео)

- Ливерпул ғарқи ранги кабуду зард. Дар Бритониё марҳилаи "Евровидения" баргузор шуд (видео)

- Заминларзаи Туркия чи гуна ба нуфузи номзадҳои мақоми президентӣ таъсир расонид (видео)

- Осиё: таърихи урани қазоқистонӣ ва фиреби муҳоҷирон дар Русия (видео)

- "Кор ҳаст, аммо маош кам". Чаро узбекистониҳо барои ҷустуҷӯи кор ба хориҷ мераванд (видео)

КОРМАНДОНИ МУҲТАРАМИ РАСОНАҲО! БО ҲАЗОРОН НАВОРИ САДОВУ ВИДЕО, АЗ ҶУМЛА, ШАКЛИ АСЛИИ САДОВУ ВИДЕОҲО БО ЗАБОНИ ТОҶИКӢ, КИ БАРОИ ЗАХИРА КАРДАНИ КОРШАРИКОН ДАСТРАС ҲАСТАНД, ОШНО ШАВЕД!

XS
SM
MD
LG