Сухангӯи Додситонии кулли Узбекистон Ҳаёт Шамсутдинов гуфт, сокини 39-солаи Тайлоқ 17 май баъди тамошои видеое, ки бо ҳузури ҳамсараш дар Русия сабт шудааст, ба ӯ занг мезанад ва миёнашон ҷанҷол сар мезанад. Ин видео гӯиё равобити маҳрамонаи ҳамсараш бо мардеро исбот месозад.
Дар натиҷа мард ба хотири қасос гирифтан аз ҳамсараш писарони 6 ва 8-солаи худро хафа карда, ба қатл расондааст.
Мард баъди куштор ба шуъбаи пулиси Тайлоқ рафта, худро таслим мекунад. Алайҳи ӯ бо банди "Куштори барқасдона" парванда боз шудааст.