Ссылки доступа

Талаби баргардондани Абдуллоҳи Шамсиддин аз Тоҷикистон ба Олмон


Чанде аз фаъолон бори дигар аз мақомоти Олмон хостанд, ки Абдуллоҳи Шамсиддинро аз Тоҷикистон ба ин кишвари аврупоӣ баргардонанд.

Паноҳҷӯйи пешин ва писари узви ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ Шамсиддини Саид моҳи январи имсол аз Олмон ронда ва дар Душанбе дастгиру зиндонӣ шуд.

Таҷаммуъ бо талаби раҳоӣ ва баргардондани ӯ ба Олмон рӯзи 17-уми май дар назди маҷлиси Дюсселдорф баргузор гардид.

Дар он баъзе аз ҳамкорони пешини Абдуллоҳи Шамсиддин, падараш, фаъолони тоҷик ва чанде аз ҳомиёни ҳуқуқ иштирок карданд.

Созмони Дидбони Ҳуқуқи Башар (Human Rights Watch) дар охири моҳи марти имсол хабар дод, ки додгоҳе дар Душанбе Абдуллоҳи Шамсиддинро ба 7 сол зиндон маҳкум кард.

Мақомоти Тоҷикистон ҳанӯз дар ин бора хабар надодаанд, вале Дидбони Ҳуқуқи Башар гуфт, Абдуллоҳи Шамсиддин "ба даъвати оммавӣ барои бо зӯр тағйир додани сохти конститутсионии Тоҷикистон" гунаҳкор шудааст.

Дидбони Ҳуқуқи Башар мегӯяд, мурофиа рӯзи 28-уми март баргузор шуд, вале "ба меъёрҳои мурофиаи одилона ҷавобгӯ набуд."

Созмонҳои муътабари ҳомии ҳуқуқ, аз ҷумла Афви Байнулмилал (Amnesty International) бовар доранд, ки Абдуллоҳи Шамсиддинро барои робитааш бо ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ нишон гирифтаанд.

Наздикону дӯстонаш ва созмонҳои байнулмилалии ҳуқуқи инсон борҳо озодии Абдуллоҳи Шамсиддинро талаб карда, ихроҷашро аз Олмон, ки аз соли 2009 дар он ҷо мезист, танқид намудаанд.

Расонаҳои олмонӣ навиштанд, ки ҳангоми дархости паноҳандагӣ ӯ маълумоти хато пешниҳод карда, дар гузашта қазияи додгоҳӣ доштааст.

Дидбони Ҳуқуқи Башар моҳи марти имсол аз мақомоти Олмон хост, ки барои озодии Абдуллоҳи Шамсиддини 33-сола ба Душанбе фишор биоваранд, чун “онҳо хатари ба бадрафторӣ ва шиканҷа рӯбарӯ шудани ӯро медонистанд, вале боз ҳам ба Тоҷикистон фиристоданд”.

XS
SM
MD
LG