Ссылки доступа

Кожокулова гуфт, шиносномаи қирғизиро дар Русия ошкоро мефурӯшанд


Гуля Кожокулова

Вакили порлумони Қирғизистон Гуля Кожокулова гуфт, шиносномаи қирғизӣ дар сомонаи эълонҳои "avito.ru" дар Русия ошкоро фурӯхта мешавад.

Ӯ ин масъаларо 18 май дар ҷаласаи порлумони Қирғизистон матраҳ карда, аз раҳбарияти Кумитаи амнияти миллии он кишвар даъват кард, ки чораандешӣ кунад.

"Шаҳрвандии Қирғизистон озодона фурӯхта мешавад. Хадамоти махсуси мо дар куҷост? Вазорати рушди рақамӣ чӣ кор мекунад?", - суол гузошт Кожокулова.

Дар сомонаи "avito.ru" дар бораи фурӯши шиносномаи қирғизӣ чанд эълом нашр шудааст. Арзиши он аз 120 000 то 270 000 рубл гуфта мешавад. Эълондиҳандагон мегӯянд, барои дарёфти шиносномаи қирғизӣ даст кашидан аз шаҳрвандии Русия ва донистани забони қирғизӣ ҳатмӣ нест.

XS
SM
MD
LG